Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри шумораҳои телефони вакилони порлумони Тоҷикистон


Бо ризоияти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон шумораи телефонҳои вакилони ин ниҳоди қонунгузор дар расонаҳои кишвар ба табъ расиданд. Қаблан феҳрасти ин шумораҳо танҳо бо аҳдофи хидматӣ ба нашр мерасид ва дар байни идораву муассисаҳои давлатӣ тақсим мешуд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз нашри шумораи телефони вакилон осон кардани тамоси мустақими интихобкунандагон бо баргузидагони худ мебошад. Ин дар ҳолест, ки худи вакилон то рӯзи 20-уми сентябр, қарор аст, дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо мардум мулоқот кунанд. Нозирони байнулмилалӣ интихоботи порлумонии моҳи феврали Тоҷикистонро, ки ҳайати нави вакилонро ба курсиҳои Маҷлиси Намояндагон нишонд, ноозод, ғайримунсифона ва ношаффоф унвон кардаанд.
XS
SM
MD
LG