Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти сафирони Созмони Конфаронси Исломӣ дар СММ


Сафирони кишварҳои Созмони Конфаронси Исломӣ дар Созмони Милали Муттаҳид дар як изҳороти муштарак тарҳи калисои Доу Ворлд Аутрич Сентер дар Флоридаро, ки мехост, нусхаҳое аз китоби муқаддаси мусулмонон Қуръонро дар солрӯзи ҳамлаҳои 11-уми сентябр ба Амрико дар мазҳари ом оташ занад, шадидан маҳкум карданд. Онҳо ин амалро як таҳаммулнопазирӣ ва таблиғи хусумат номида, ба лағви ин тарҳ даъват карданд. Сафирони кишварҳои Созмони Конфаронси Исломӣ дар Созмони Милали Муттаҳид инчунин аз мавҷи эътирозҳо аз тарафи амрикоиҳо ба ин иқдом ситоиш карданд. Тоҷикистон, раиси давраии Созмони Конфаронси Исломӣ, ташаббускори ин изҳороти дастаҷамъона буд.
XS
SM
MD
LG