Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи иншооти махфии ҳастаии Эрон аз тарафи мухолифон


Мухолифони сарсахти режими Эрон эълом доштанд, ки як иншооти махфии ҳастаиеро дар байни кӯҳҳо дар шимолуғарби Теҳрон кашф кардаанд. Созмони Муҷоҳидини Халқ мегӯяд, Эрон ба бунёди ин пойгоҳ дар Абйек, 120-километрии Теҳрон, дар соли 2005 оғоз кардааст. Алиризо Ҷаъфарзода, сухангӯи пешини Шӯрои миллии муқовимати Эрон, ки Созмони Муҷоҳидини Халқро низ дар бар мегирад, дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфт, ин пойгоҳ марбути Вазорати дифои Эрон аст. Вай афзуд, ин иттилоъ ба ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, Конгресси Амрико ва Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ расонда шудааст.
XS
SM
MD
LG