Пайвандҳои дастрасӣ

Пешрафти баскетболбозони Литва барои унвони қаҳрамони ҷаҳон


Дастаи баскетболи Литва нахустин бор дар таърихи ин кишвар ба бозиҳои ниманиҳоии сабқати қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Ин имконият баъд аз пирӯзии даста бар тими миллии Аргентина дар шаҳри Истамбули Туркия ҳосил гардид. Литва акнун рӯзи шанбе дар бозии ниманиҳоӣ бо дастаи Иёлоти Муттаҳида рӯбарӯ хоҳад шуд. Ғолиби ин мулоқот барои унвони қаҳрамони ҷаҳон бо пирӯзи бозии байни Сербия ва Туркия рақобат хоҳад кард. Баскетболбозони литвонӣ дар гузашта бахши умдаи ҳайати дастаи мунтахаби баскетболи Иттиҳоди Шӯравиро ташкил мекарданд.
XS
SM
MD
LG