Пайвандҳои дастрасӣ

10-уми сентябр -- Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушӣ


Бино бар гузориши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 60 000 нафар даст ба худкушӣ мезананд ва 3 000 нафари онҳо дар натиҷаи ин амал ҷон медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, мизони худкушӣ дар ҷаҳон дар панҷ даҳаи гузашта 60 дарсад боло рафтааст ва ҳоло ҳар сол наздик ба 1 миллион нафар худро мекушанд. Афзоиши ин мизон бештар дар Аврупои Шарқӣ, кишварҳое монанди Литва, Беларус, Русия, Словения, Маҷористон ба мушоҳида расида, аммо бештарини шумораи худкушиҳо дар Осиё, дар кишварҳое назири Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон сабт шудаанд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин гузоришро имрӯз, 10-уми сентябр, дар Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушӣ нашр кардааст.
XS
SM
MD
LG