Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфтааст, яке аз маҳбусони амрикоиро озод мекунад


Эрон қарор аст, рӯзи шанбе, 11-уми сентябр, яке аз се ҷаҳонгарди маҳбуси амрикоиро аз зиндон озод кунад. Дар ин бора Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, ин тасмим дар робита ба Иди Фитр ё поёни моҳи шарифи Рамазон гирифта шудааст. Дар Вошингтон, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Марк Тонер гуфт, кишвараш ҳанӯз далеле дар даст надорад, ки эҳтимоли озодии амрикоии боздоштшударо тасдиқ кунад, вале аз ин хабар истиқбол менамояд:

"Мусалламан, агар ин хабар рост барояд, як хушхабари ҳаяҷонбахше хоҳад буд. Раҳоии ҷаҳонгард мебоист хеле пештар амалӣ мегашт ва ман метавонам танҳо изҳори умедворӣ кунам, ки ҳарсеи онҳо озод хоҳанд шуд."


Як дипломати эронӣ дар Созмони Милали Муттаҳид дертар дар давоми рӯз эълон кард, ки манзури кишвараш озодии Сара Шурди 31-сола аст, ки бино бар хабарҳо, вазъи саломатияш бад шудааст. Вай гуфт, озодии ӯ хеле ба зудӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Шурд, якҷо бо Шейн Боер ва Ҷош Фаттал аз тарафи мақомоти эронӣ дар таърихи 31-уми июли соли 2009 дар наздики марзи Эрону Ироқ боздошт ва ба ҷосусии алайҳи Эрон айбдор шуданд.
XS
SM
MD
LG