Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Аврупо аз Фаронса хост, лӯлиҳоро наронад


Порлумони Аврупо имрӯз бо судури қатъномае аз Фаронса хост, ба сиёсати ихроҷи лӯлиҳо аз ин кишвар “фавран” хотима диҳад. Ҳукумати рости марказгарои Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, моҳи гузашта ба ихроҷи лӯлиҳое аз ин кишвар шурӯъ кард, ки дар нишемангоҳҳои ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. То кунун 1000 лӯлиро аз Фаронса ба ватанҳояшон Булғористон ва Руминия бозпас фиристоданд. Ба тарафдории қатънома, 377 нафар раъйи мувофиқ ва 245 нафар раъйи мухолиф додаанд. Айни ҳол Пйер Лелуш, вазири Фаронса дар умури Аврупо аз Руминия хост, барои ҳамоиши лӯлиҳо ба ҷомеаи кишвар барномаи изтирорие таҳия кунад. Ӯ гуфт, Иттиҳодияи Аврупо барои сармоягузории чунин барнома то як миллиард евро кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG