Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарсу ҳарос аз интишори овозаҳо дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон овозаҳое пахш шудаанд, ки гӯё баъди ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон дар ин кишвар дубора авзоъ ба ташаннуҷ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин овозаҳо дар миёни мардуми зиёди ин кишвар тухми ваҳму ҳарос коштааст ва эътимодашонро ба фардо аз байн бурдааст.

Аммо ин овозаҳо оё ягон пояи воқеӣ доранд ва ниҳодҳои марбутаи Қирғизистон дар муқобили ин овозаҳо чораҷӯӣ хоҳанд кард ё на?.

Чубақ-ҳоҷӣ Ҷалилов, раиси идораи мусалмонони Қирғизистон, ба радиои Озодӣ пахши ин овозаҳоро инкор накард.

Интишори овозаҳо ва нигаронии мардум

Ба гуфтаи Чувақ-ҳоҷӣ Ҷалилов ин овозаҳо дар миёни мардум пахш шудаанд ва ҷои шубҳа нест, ки мардум аз ин овозаҳо ба ваҳму ҳарос рӯбарӯ гардидааст. Ба таъкиди мавсуф ин овозаҳо ягон пояи воқеӣ надоранд ва муфтиёт дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбута дар соири вилоятҳои кишвараш ба корҳои таблиғотӣ машғуланд, то ки ваҳму ҳаросро аз дили мардум берун кунанд.

Чувақ-ҳоҷӣ Ҷалилов гуфт, кормандони умури интизомӣ низ дар ҳамкорӣ бо муфтиёт, барои дар фазои амну субот баргузор шудани намози иди Фитр тамоми чораҳои амниятиро пиёда хоҳанд кард.

Раиси идораи мусалмонони Қирғизистон гуфт, барои нигаронӣ ягон далел вуҷуд надорад ва мардум баъди адои намози Фитр метавонад ба зиндагии ороми худ идома диҳад.

Қонибек Усмоналиев, коршиноси масоили дин, дар пахши овозаҳо, ҳукумати Роза Отунбоеваро низ айбдор кард. Ба гуфтаи оқои Усмоналиев, ба ваҳму ҳарос дода шудани мардум худ бесабаб нест. Вай мегӯяд, баъди ҳодисаҳои моҳи июн, ҳукумати Роза Отунбоева эътимоди мардумро ба даст наовард ва бесалоҳиятӣ зоҳир намуд, ки мунҷар ба он шудааст, баъзе нерӯҳо дар миёни мардум овозаҳои бепояву асос пахш кунанд.

Қодир Маликов, исломшиноси қирғиз, моҳи шарифи Рамазонро барои ҳукумати нав моҳи тафреҳ аз ҳар гуна аксуламалҳо арзёбӣ кард.Ба гуфтаи ӯ, таҳдид ба амнияти Қирғизистон вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи Қодир Маликов, нерӯҳое, ки мехоҳанд дар Қирғизистон ва дар маҷмӯъ водии Фарғона авзоъро ба ташаннуҷ рӯбарӯ кунанд, метавонанд аз гурӯҳҳои тундрави исломӣ, аз ҷумла Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон ва иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ, истифода кунанд.

Эҳтимоли вуруди ҷангҷӯён вуҷуд дорад

Қодир Маликов бар ин ақида аст, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон барои барҳам задани амнияту субот кишварҳои нисбатан заифтари минтақа маҳсуб мешаванд, вале созмонҳои тундрав наметвонанд, ки дар ин ду кишвар ҷиҳод эълон кунанд. Вай гуфт, далел ин аст, ки дар ҳар ду кишвар ҳам аксариятро мардуми мусалмон ташкил мекунад.

Қодир Маликов иброз дошт, ки ба қаламрави Қирғизистон ва Тоҷикистон ворид шудани гурӯҳҳои ифротгари исломиро аз Афғонистон ҳаргиз аз эҳтимол дур намедонад. Ба гуфтаи ӯ, ба манзури он, ки амнияти мардум зери хатар қарор нагирад ва авзоъ ба ташаннуҷ рӯбарӯ нашавад, мебояд аз ин раванд ҳар чӣ зудтар ҷилавгирӣ кард.

Набиҷон Каримов, як сокини ноҳияи Навкенти вилояти Ӯш, мегӯяд, ки мардум аз овозаҳои зиёд ба ваҳму ҳарос афтодааст ва одамон барои худ паноҳ меҷӯянд.

Ба гуфтаи ӯ, гӯё ӯзбектаборони ноҳияи Новкент алайҳи қирғизҳо ҷанг эълон кардаанд, аз ин лиҳоз фарзандони онҳо дар пуштаҳои кӯҳ ба тамринҳои низомӣ машғуланд.

Набиҷон Каримов гуфт, ки душманони ду миллат бо пахши ин овозаҳо дар миёни қирғизҳоиву ӯзбекҳо тухми кинаву адоват мекоранд ва ин ду халқи бародарро ба ҳам душман месозанд.

Тибқи хабарҳои расида, дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, кормандони ниҳодҳои интизомӣ корҳои таблиғотиро дар байни мардум пурзӯр кардаанд. Онҳо аз мардум даъват кардаанд, ки ба овозаҳои бардурӯғ фирефта нашаванд.

Бояд гуфт, ки маъракаҳои таблиғоти барномаҳои пеш азинтихоботии аҳзоби сиёсӣ низ 10 сентябр шурӯъ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG