Пайвандҳои дастрасӣ

Обама иқдоми оташ задани Қуръонро маҳкум кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз кашиши як калисои хурде дар ин кишвар хостааст, аз қасдаш барои Қуръонсӯзӣ дар рӯзи шанбе, солгарди ҳамлаҳои 11 сентябр ба Амрико даст кашад. Калисои ношиносе дар Флорида мегӯяд, аз роҳи сӯхтани нусхаҳои китоби Қуръон мехоҳад, таваҷҷӯҳро ба ин ақидааш ҷалб кунад, ки ислом мазҳаби “шайтонист”. Барак Обама дар сӯҳбат бо телевизиони Эй Би Си, Қуръонсӯзиро як “ҳиллаи вайронгар” ва хатарнок хонд. Ӯ афзуд, ин иқдом, “фурсати тиллоӣ барои ёргирӣ ба Ал-қоида хоҳад шуд” ва онро комилан мухолиф ба арзишҳои мардуми Амрико хонд. Фармондеҳони Амрико ҳушдор додаанд, ки оташ задани Қуръон, хатари ҳамлаҳо ба нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ва ҷойҳои дигарро афзоиш хоҳад дод. Ватикан низ ин иқдомро маҳкум кардааст. Имрӯз Индонезия, Покистон ва Ҳинд, се кишвари бузургтарини мусулмоннишин ҳушдор доданд, ки оташ задани Қуръон метавонад, муноқишаҳои мазҳабӣ барангезад ва аз мақомоти Амрико хостаанд, монеъи ин кор шаванд.
XS
SM
MD
LG