Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи худкушона ё интиҳорӣ пойи номубораки хешро ба ватани мо ҳам гузошт. 3-юми сентябри соли 2010 дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун рӯзи нахустин таркиши худкушона сабт хоҳад гашт.

Ду нафар дар як мошини бомбагузоришуда, бо суръат аз дарвозаи Бахши вилоятии мубориза бо ҷинояткории созмонёфта дар Суғд вориди саҳни ин муассиса шуда, мошинро тарконданд. Бино ба ахбори расмӣ 4 нафар кушта ва 21 нафар захмӣ шудаанд. Инфиҷор ба бинои полис ва чанд иморати наздику мошинҳои атроф осеби сахт расондааст.

Ин воқеа ба як ҳушдори ваҳшатангез монанд аст. Ин ҳамон “нуқтаи ҷӯшиш” аст, ки бархе аз коршиносон мегуфтанд, кишвар ҳаргиз ба он роҳ нахоҳад дод. Аммо, афсӯс, омад ва расид. Агар вокуниши ҳукумат ба он ҳамвазни ин ҳушдор набошад, фақат худо медонад, оқибату ояндаи ватани азизи мо чӣ буда метавонад.

Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир вокуниш сабукборона аст. Дафъатан, бидуни ҳеч таҳқиқ ва далели қавӣ ё асноди раднопазир ба шарикон ё рақибони чанд боздоштшуда ва ҳамзамон ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва "Ал Қоида" рабт додани ҳамла аз даступохӯрдагии мақомоти давлат хабар медиҳад ва аз пеш сатҳу умқи ҷустӯи омилону сабабҳоои воқеаро маҳдуд мекунад.

Аҷибаш ин аст, ки гуфта мешавад, ҳадаф аз инифҷор таъмини шароити фирори боздоштшудагон буд ва ҳамзамон фарзияи дигар изҳор мегардад, ки бино бар он мақсади ҳамла аз байн бурдани шариконе буд, ки иқрори онҳо барои ташкилкунандагони таркиш хатарнок будааст.

ҲАМЛАҲОИ ХУДКУШОНА

Ду сол пеш дар Афғонистон аввалин бомбатарконии худкушона ба вуқӯъ пайваст ва акнун ба як шуғли ҳаррӯза табдил ёфт. Пештар хабари чунин таркишҳо аз Ироқ мерасид. Дар соли 2000-ум нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар қаламрави шӯравии собиқ дар Чеченистон амалӣ гардид. Инфиҷорҳои худкушона дар Ховари Миёна солҳои зиёде ба бахше аз ҷанги фаластиниҳо бо Исроил табдил ёфтаанд. Зарбаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико аз намунаҳои барҷастаи худкушӣ ба хотири куштори дигарон шумурда мешаванд.

Ва ҳамаи ин ба ислом марбут дониста мешавад, ҳол он ки дини ислом худкуширо ошӯбе зидди Худованд медонад ва ҷанозаи худкушонро ҳаром меҳисобад. Дар Афғонистон, бархилофи Ховари Миёна худкушон шаҳид шумурда намешаванд ва акси онҳо кӯчаву хонаҳоро зеб намедиҳад.

Ҳамлаи интиҳорӣ ихтирои мусулмонон нест. Қарнҳо пеш аз мусулмонон ақвоми аврупоӣ аз ин васила истифода кардаанд. Дар Таврот аз марги қаҳрамони яҳудиҳо Самсон ривоят мешавад, ки бо нархи ҷони хеш ибодатгоҳи филистиниҳоро фурӯ нишонд ва 3 000 нафар аз онҳоро ба ҳалокат расонд. Дар садаи 17 дар ҷанги Тайван сарбозони ҳолландӣ бо худ бастаи борут доштанд ва дар ҳоли захмӣ шудан, хешро мунфаҷир мекарданд, то ба дасти чиноиҳо асир наафтанд. Соли 1881 узви гурӯҳи “Народная воля”, Игнатий Гриниевский худро таркон ва подшоҳи рус Александри II-ро ба ҳалокат расонд. Вожаи “Камиказе” аз худкушии ронандагони ҳавопаймоҳои Жопун дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба мерос мондааст.

Вале агар ҳатто имрӯз (дар солҳои 2000-2008) афзоиши қариб 70 дарсадии ҳамлаҳои интиҳориро ба кишварҳои мусулмон рабт диҳанд ҳам, ба монанди Ироқ, Ховари Миёна, Афғонистон, Покистон, метавон дид, ки дар ҳамаи ин ҳолатҳо таркишҳои маргталабона ба муқобили нерӯҳои хориҷӣ ва ишғолгариҳо ба вуқӯъ пайвастаанд. Намунаи ғайриисломии чунин ҳамлаҳоро Бабрҳои Тамил дар Шри Ланка намоиш додаанд. Аммо ин таркише, ки дар Хуҷанди Тоҷикистон ба амал омад, бар зидди кадом нерӯи хориҷӣ ё кадом ишғолгарии ватан ба вуқӯъ пайвастааст?

САБАБҲОИ ОДАМКУШИИ ХУДКУШОНА


Равоншиносон ангезаи одамонеро, ки барои марги дигарон аз ҳаёти худ даст мекашанд, ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Бархе аз онҳо ин амалро “терроризм” ва бархи дигар “пайкорҷӯӣ” ном мебаранд. Ф. Ҳаллидей мегӯяд, вожаи аввал аз тарафи давлатҳое истифода мешавад, ки “ҳаққи қонунӣ” ва “ҳаққи эътироз ё шӯриш”-ро рад мекунанд.

Одат шудааст, ки ҳамлаҳои худкушонаро ба фақру бенавоӣ ва ноумедии амиқ ё ҳатто бемориҳои рӯҳӣ бастагӣ диҳанд. Аммо дар як пажӯҳиши наве, ки дар Донишгҳои Ҳарварди Амрико анҷом шудааст, гуфта мешавад, “хушунатҳои террористӣ ба сатҳи озодиҳои сиёсӣ” бастагӣ дорад ва бештар дар кишварҳое иттифоқ меафтад, ки дар ҳоли гузариш қарор дошта, ҳукумат дар онҳо заъиф ва вазъи сиёсӣ ноустувор аст”.

Шояд ҳанӯз зуд аст, ки бар пояи чунин пажӯҳишҳо ва дар заминаи нахустин рӯйдод, ки Худо кунад, охирин бошад, вазъи Тоҷикистонро баррасӣ кунем. Бигзор, ин як тасодуф бошад. Аммо ҳарчанд худро тасалло диҳем ҳам, воқеа аз пеши назар дур намеравад.

Яке аз бозёфтҳои олими амрикоӣ Роберт Пейп маро ором намегузорад, ки гуфтааст, ҳамлаҳои маргталабона умдатан дар натиҷаи номувозанатии тарафҳо, дар ҳоли рӯёрӯии як нерӯи хурди лоилоҷ дар муқобили фишори шадиди нерӯи азим ба амал меоянд. Дар ҳолате ки ин нерӯи хурд дигар ягон роҳи баёни ақида, мубориза барои расидан ба ҳадафи худ ва намоиши азми росихи хешро надорад. Он ҳамчунин метавонад дар ҷавоб ба амал ё сиёсатҳои нерӯи азим ба вуҷуд ояд. Гуфта мешавад гурӯҳе, ки нерӯи кофӣ дорад ва ақидаи он ба ҳисоб гирифта мешавад, ниёзе ба ташкили ҳамлаи худкушона надорад.

ТАСОДУФ Ё РАВАНД?

Ҳоло метавон инфиҷори Хуҷандро аз ин зовия баррасӣ кард. Оё ин кори дасти кист? Кадом гурӯҳ аст, ки хурду заъифу лоилоҷу камнирӯст ва мехоҳад ба нерӯи азим сарбасар шавад? Дар як сатҳ ин метавонад, нерӯи онҳое бошад, ки амалкардҳои нерӯи азиму тавоноро ноодилона мешуморад ва мехоҳад, интиқом ситонад. Аз он ҷо ки як ниҳоди интизомӣ ҳадаф қарор дода шудааст, муаллифи ҳамла мумкин аст, дарвоқеъ айбдоршавандагон ва машаққатдидагони нерӯи азим, дар ин ҳолат ниҳоди интизомие, ки усули кораш ба бисёриҳо маълум аст.

Дар ҳамин пажӯҳиши Ҳарвард гуфта мешавад, бисёре аз чунин гурӯҳҳо мазҳабиянд ва маргталабон ин тасаллоро доранд, ки ҳамчун шаҳид роҳашон ба биҳишт боз мешавад. Дар он сурат метавон гуфт, гурӯҳе, ки ҳамлаи Хуҷандро созмон додааст, бо ҳадаф қарор додани як ниҳоди давлатӣ мехоҳад, ба худи давлат сарбасар шавад. Вале агар ин посух ба фишори ниҳодҳои қудратии давлат бар мазҳабиёни аршад аст, чаро дар шаҳре ба вуқӯъ пайваст, ки чунин фишор назар ба манотиқи дигари кишвар ба ҳадди охир тезутунд нест?

Фақат як омил метавонад ба пурсиши охир то андозае ҷавоб диҳад, ки ин ҳам бошад, “дасти беруна” аст. Одатан, дасти бегона маҳалли “нармтарин”-ро интихоб мекунад. Дареғо, ки дар натиҷаи аъмол ва сиёсатҳои нобасомону ғайриҳирфаӣ шароит дар дохил ба манфиати “дасти бегона” аст. Ҳоло бояд андешид, ки набуди адлу инсоф ва зиёдаравии худбоварона ба куҷо хоҳад бурд. Мабод ҳарду, ҳам нерӯи хурди лоилоҷ ва ҳам он азими тавоно дар рӯёрӯии ҷоҳилона ва бо фаромӯш кардани халқу миллату кишвар пой ба пайроҳаи хатарноки “ҳарчӣ бодо бод!” гузошта бошанд. Худо аз ин нигоҳ дорад ва ба онҳое, ки метавонанд, ин вазъро ба сӯи беҳбуд тағйир диҳанд, ақли солим ва иродаи нек ато кунад. Вагарна ин вопасин рӯёрӯӣ хоҳад буд.

Он ҳам дар шароити дахил будани на танҳо як, балки чандин “дасти бегона”. Ва ҳам орзуи биҳишти зуд, ки танҳо дӯзах метавонад, онро тавлид кунад.

Баргирифта аз торнигори хусусии муаллиф -- "Нигариш ва кандуков"
XS
SM
MD
LG