Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузории Владикавказ 15 нафарро куштааст


Як бомбгузори интиҳорӣ имрӯз мошини бомбгузоришудаашро дар шаҳри Владикавказ мунфаҷир карда, дасти кам 15 нафарро кушт ва тақрибан 80 нафарро маҷрӯҳ кард. Инфиҷор дар пойтахти Осетияи Шимолӣ дар Қафқози шимолӣ, ки ахиран шоҳиди нооромиҳои зиёд шудааст, дар даромадгоҳи бозори шаҳр ба вуқӯъ пайваст. Додситонии Русия бо қазияи терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия Александр Хлопонин, фиристодаи вижааш барои Қафқози шимолиро дастур додааст, фавран ба Владикавказ биравад. Ӯ дар бораи инфиҷор гуфт:"Ончӣ ки рух дод, намоиши навбатии фаъолияти ҷинояткоронаи бандитҳост, ки бо онҳо созиш ва мусолиҳа набояд кард." Осетияи Ҷанубӣ агарчӣ аз Чеченистон ва Доғистон камтар шоҳиди нооромиҳо шудааст, аммо танишҳои қавмӣ ва ҳамлаҳои терорристӣ дар он сурат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG