Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Фаронса аз Руминия дар мавриди лӯлиҳо


Пйер Лелуш, вазири Фаронса дар умури Аврупо, имрӯз гуфт, аз Руминия хоҳад хост, барои ҳамоиши ҷамоаҳои лӯлии ин кишвар барномаи изтирорие таҳия кунад. Пйер Лелуш дар ин бора дар оғози сафари якрӯзааш ба шаҳри Бухарест, дар ин бора сухан гуфт, ки ӯро дар ин сафар Эрик Бессон, вазири муҳоҷирати Фаронса, ҳамроҳӣ мекунад. Ӯ афзуд, Иттиҳодияи Аврупо барои сармоягузории чунин барнома то як миллиард евро кӯмак хоҳад кард. Руминия ҳам аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, то барои ҳамоиши лӯлитаборони кишвар ба ҷомеа кӯмак кунад. Фаронса ахиран 1000 лӯлиро аз ин кишвар ба ватанҳояшон Булғористон ва Руминия ронда, баҳси зиёдеро доир ба ҳуқуқи лӯлиҳо барангехт.
XS
SM
MD
LG