Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди қурбониёни бомбгузории Владикавказ


Раиси ҷумҳури Осетияи Шимолӣ мегӯяд, инфиҷори маргбори мазкур дар шаҳри Владикавказро як бомбгузори интиҳорӣ анҷом додааст. Хабаргузориҳои Русия аз қавли мақомоти беҳдоштии маҳаллӣ ва вазорати умури дохила навиштаанд, ки инфиҷор дасти кам 11 нафарро кушта ва бештар аз 80 тани дигарро маҷрӯҳ кардааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия Александр Хлопонин, фиристодаи вижааш барои Қафқози шимолиро дастур додааст, фавран ба Владикавказ биравад. Бозори мазкур дар шаҳри Владикавказ чандин маротиба дар солҳои гузашта мавриди ҳамла қарор гирифт ва даҳҳо нафар ҳам дар ин ҳамлаҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG