Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдид сел ва хокрезӣ 15 хонаводи деҳаи Андарви ноҳияи Роштқалъаро аз манзилҳояшон бадар сохта, айни ҳол ин хонаводаҳо дар хаймаҳо зиндагӣ доранд. Ба хотири амният мактаби ибтидоӣ ва маркази саломатӣ низ ба хаймаҳо кӯчиданд.

Акнун дар ин синфи ягона 16 нафар талабагони синфҳои ибтидоӣ дар ду баст таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи омӯзгор Саврина Марод
бекова ба набуди ҷой ва тангии ҳаво дар ин мактаби муваққатӣ нигоҳ накарда, таҳсил дар ду баст идома дорад.

Аммо биноба адами шароит, дар басти аввал синфҳои якуму саввум ва дар басти дуввум синфҳои дувум ва чорум якҷоя дарс мехонанд.

Марзия Ғуломасейнова, яке аз хонандагон мегӯяд, ки дар хайма торик ва танг аст, аммо онҳо дар дарсҳо иштирок мекунанд ва хуб мехонанд.

"Хатар ҳамчунон таҳдид мекуад"

Ба иттилои сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Дустӣ Худоёров ба хотири ҳифозати ҷони сокинон аз эҳтимолияти таркрори сел ва хокрезӣ, хонаводаҳо ба ҷойи бехатар кӯчонда шуданд.

Вай баён дошт, ки пас аз селхезӣ мутахассисон муаяйян карданд, ки ҳанӯз ҳам хатари ҳар лаҳза поин шудани ҷинсҳои зиёди ҷамъшудаи кӯҳӣ ва хоки намгирифтаи болои теппаҳои гирду атроф вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи сардори ситод онҳо геологҳоро аз маркази ҷумҳурӣ даъват кардаанд ва дар сурати ошкор шудани таҳдиди офати табиӣ масъалаи кӯч додани сокинон ба мавзеъи дигар ба миён меояд.

Хаймаҳоро дар ихтиёри ин сокинон «Фокус» - як созмони имдодрасони амрикоӣ, ки дар Бадахшон фаъол аст, қарор додааст.

Отамшо Кучакшоев, як сокинини ин ҷо мегӯяд, ки маҳалли мазкур аз қадим ҷойи сел буд, аммо бар асари боришоти зиёд хоки теппа аз оби чашмаҳои даруни нам гирифтаа, ба ҳаракат меояд.

Худи сокинон боиси сехезӣ шуданд?

Аммо геолог Хуҷам Хусравов, сокинонро муттаҳам мекунад, ки бе риояти тавсияи мутахассисон аз болои деҳа ҷуйбори калон сохтанд, ки намиаш барои хатарнок шудани маҳал сабаб шуд.

Вале сокинон ин иддаоъро рад намуда мегуянд, ки ҷуйбор бо назардошти зарурати шадид ба обёрии заминҳо кишт ва мустаҳкам сохта шудааст, ба сел ва ба хокравӣ таъсире надорад.

Ба гуфтаи сардори ташкилоти деҳоти Андарв Эраҷ Бахшов тарси фалокати деҳаи ҳамсояи Дашт, ки чанд сол қабл дар як шаб сел 24 нафарро зинда ба гйр кард, дар дили сокинони Андарв низ ваҳшат андохтааст.

Тарс аз ҳар садо


43 хонаводаи деҳаи Андарв шабона аз ҳар як садо ба изтироб меоядн ва аз селу хокрезӣ хавф мебаранд. Ба гуфтаи Эраҷ, алҳол сокинон бештар аз ҳама аз бероҳӣ нигарон ҳастанд, зеро деҳаро ба роҳи моншингард фақат як пули кӯҳнашуда ва ларзон пайванд медиҳад.

Вай гуфт, ки дар сурати вуқуъи хатари эҳтимолӣ ва таҷаммӯъи мардум тавасути ин пул ҷон ба саломат бурдан кори саҳл нест.

Бошандагони хаймаҳо мегуянд, ки дар дар манзилҳои муваққатӣ ҳадди ақал то охири моҳи октябр зиндагӣ кардан имкон дорад ва умед мебанданд, ки то фарорасии сардиҳо ба ҷойи гарм мекӯчанд.

Ба иттилоъи ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон зиёда аз 200 маҳалли истиқоматӣ дар вилоят таҳти хатари ҳамешагии сел, тарма, ярч, сангрез, хокрез ва обхезӣ қарор дошта, дар бархе аз маридҳо зери таъсири омилҳои инсонӣ ин хатарот бештар шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG