Пайвандҳои дастрасӣ

Хушнудии Иттиҳодияи Аврупо аз баёнияи Сербистон


Иттиҳодияи Аврупо аз баёнияи давлати Сербистон истиқбол кард, ки хостори идомаи мусоидати ин иттиҳодия барои ҳалли сарнавишти Косово шудааст. Сербистон дар тарҳи нави қатъномае, ки ин ҳафта дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал пешниҳод хоҳад шуд, хостааст то муколама бо раҳбарони албанитабори Косово бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо сурат бигирад. Сербистон ҳамчунин гуфт, ки дар ин қатънома аз кишварҳо нахоҳад хост, ки эъломи якҷонибаи истиқлоли Косоворо маҳкум кунанд. Аммо айни замон Сербистон истиқлолияти Косоворо ҳам эътироф накардааст.
XS
SM
MD
LG