Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори қавӣ ва маргбор дар шаҳри Владикавкази Русия


Бино ба гузоришҳо аз Русия, дар як бозори Осетияи Ҷанубӣ таркиши қавие ба вуқӯъ пайваста ва қурбониҳо ҳам дар пай доштааст. Хабаргузории “ИТАР ТАСС” мегӯяд, бар асари ин таркиш дар бозори шаҳри Владикавказ дасти кам 5 нафар кушта ва чандин тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Зоҳиран мошини бомбгузоришудае дар даромадгоҳи бозор мунфаҷир шудааст. Ҷузъиёти дигаре дар бораи ҳодиса нашр накардаанд.
XS
SM
MD
LG