Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Умар мегӯяд, "Толибон пирӯз мешаванд"


Мулло Умар, раҳбари гурӯҳи Толибон, дар Афғонистон мегӯяд, размандагони ин гурӯҳ дар амри берун кардани нерӯҳои хориҷӣ аз он кишвар ба пирӯзӣ наздиканд. Дар баёнияи интернетии бахшида ба поёни моҳи Рамазон, Мулло Умар аз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико хостааст, “нерӯҳои кишварашро бидуни қайду шарт ва дар зудтарин фурсат” аз Афғонистон хориҷ кунад. Дар баёния омадааст, “муқовимати ҷиҳодиён ба ҳадафи худ наздик мешавад”. Афғонистон имсол шоҳиди хушунатҳои бисёр зиёд шудааст. Мулло Умар, ки солҳо боз дида нашудааст, раҳбари рӯҳонии Толибон маҳсуб мешавад, ки ин гурӯҳро соли 2001 дар Афғонистон сарнагун карданд.
XS
SM
MD
LG