Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомии ҳуқуқи инсони қазоқро аз зиндон раҳо карданд


Як ҳомии фаъоли ҳуқуқи инсон дар Қазоқистонро баъди адои ҳукми 10-рӯза аз зиндон раҳо карданд. Вадим Курамшин, ки пайваста мушкилоти зиндонҳои Қазоқистон, аз ҷумла бадрафтории посбонҳо ва шароити бади зиндонҳоро ошкор мекард, рӯзи 29 август дар шаҳри шимолии Кокчетау бо гуноҳи авбошӣ ба 10 рӯзи зиндон маҳкум шуд. Вале ӯ мегӯяд, ки дар ҳамон рӯз дар истгоҳи автобус афроди номаълум ба ӯ ҳамла карданд. Ҳамкоронаш мегӯянд, ҳукми Вадим Курамшин ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG