Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар саросари Тоҷикистон 19-умин солгарди истиқлолияти кишвар таҷлил мегардад. Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикикистон тайи як паёми телевизонӣ, «истиқлолиятро бузургтарин дастоварди таърихи нав» хонд ва гуфт раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат аст.

Аммо таҷлил аз солгарди Истиқлол имсол назар ба солҳои гузашта дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоксорона ба назар мерасад. Дар остонаи ҷашни истиқлол имсол барномаҳои сиёсӣ доир нашуд ва субҳи имрӯз ҳам фақат дар чанд маҳал аз пойтахт намоишҳои фарҳангӣ доир шуд.

Дар ҳоле, ки дар солҳои гузашта аз чанд рӯз қабл омодагӣ ба ҷашни Истиқлол бо барномаҳои сиёсӣ ва маҷлисҳои пуршукӯҳ оғоз мешуд ва дар рӯзи 9 сентябр ҳам бо барномаи фарҳангӣ ва тафреҳӣ идома мекард.

Истиқлоли Тоҷикистон

Эъломи истиқлолияти Тоҷикистон дар таърихи 9 –уми сентябри соли 1991, ҳанӯз 3 моҳ қабл аз фурӯпошии абарқудрати вақти Шӯравӣ ба тасвиб расид.

Ба дунболи эъломи истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари мустақил ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмиллалӣ пазируфта шуда ба унвони як кишвари комилҳуқуқ намояндагиҳои дипломатии худро дар хориҷ аз кишвар таъсис дод.

Дар муқоблил кишварҳои зиёди истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда намояндагиҳои худро дар Душанбе таъсис намуданд.

Дар солҳои аввали эъломи истиқлолият, давлати навпои тоҷикон дучори ҷанги шаҳраванди гардид ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 150 ҳазор нафар ва муҳоҷирати садҳо ҳазори дигар ба дохили ва хориҷ гардид.

Дар ниҳоият ба имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва нерӯҳои мухолифони собиқ, дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ба ҷанги шаҳравандӣ хотима гузошта шуд.

Дар ҳамин росто ба номи мардуми Тоҷикистон номаҳои шодбошӣ расидааст. Аз ҷумла раиси ҷумҳури Амрико Борак Обама, раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Туркия Абдулло Гул ва раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов тайи паёмҳои табрики рӯзи истиқлолияти Тоҷикистонро ба мардуми ин кишвар табрик гуфтаанд.

Давлат дар татбиқи тарҳҳои муҳими азми қавӣ дорад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз дар як паёми телевизионии бахшида ба 19-умин солгарди истиқлолият таъмини истиқлолияти энержӣ, раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро аз ҳадафҳои муҳими давлат эълон кард.

Ӯ дар ин паёми телевизионӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон дар 19 соли ахир ва авлавиятҳои сиёсати дохиливу ва хориҷии кишвар гузориш дод ва таъкид кард, ки сарфи назар аз монеа ва мушкилот дар татбиқи тарҳҳои муҳими стратегӣ азми қавӣ дорад.

Президент ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ишора мекард, ки ахиран баҳс ва ихтилофи назари Тоҷикистон ва Узбакистонро ба бор овардааст.

Ҷаноби Раҳмон бори дигар пайгирии давлати Тоҷикистон аз сиёсати «дарҳои боз»-ро ёдовар шуд ва гуфт, ин шеваи ҳамкорӣ густариши равобит бо кишварҳо ва созмонҳои хориҷиро таъмин хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG