Пайвандҳои дастрасӣ

Дастурҳои фавқулодаи амниятӣ ба сафоратҳои Амрико


Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба ҳамаи сафоратхонаҳои Амрико дар саросари ҷаҳон дастур дод, то тадбирҳои амниятии худро дар робита ба вокунишҳои эҳтимолӣ ба нақшаи як калисои хурди Флорида дар сӯзондани Қуръон тақвият диҳанд. Мақомоти амрикоӣ ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ба намояндагиҳои Иёлоти Муттаҳида дастур дода шуд, дар ҷаласаҳои кумитаҳои амалкарди фавқулода эътирозҳои эҳтимолро ба азми калисои Доу Ворлд Аутрич Сентер муайян кунанд, ки мехоҳад, дар солрӯзи ҳамлаҳои 11-уми сентябр ба Амрико нусхаҳои Қуръонро дар мазҳари ом оташ занад. Ҳамзамон аз сафоратҳо хоста шудааст ба шаҳрвандони Амрико дар кишварҳое, ки мумкин аст, тазоҳурот барпо шавад, ҳушдор диҳанд. Калисои мазкур то ҳол муроҷиати вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ва фармондеҳони аршади нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаро ба лағви нақшаи хеш рад кардаанд. Масъулони калисои Гайнесвилли Флорида исломро дини хушунат ва ҷабр меноманд ва мегӯянд, бо сӯзондани Қуръон онҳо ба терроризми тундгароёни исломӣ рӯёрӯӣ мекунанд. Роҳиби ин калисо Террӣ Ҷонс, раҳбари як гурӯҳи протестант ба хабарнигорон гуфт:

"Кори мо дар сӯзондани Қуръон ҷалби таваҷҷӯҳ ба як чизи ғалат аст. Чизе ин ҷо ғалат аст. Ин эҳтимолан фурсатест барои мо бо роҳи наве, амалан ба терроризм муқовимат кунем,"


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, аз он нигаронанд, ки ин амал эҳсосоти зиддиамрикоиро махсусан дар байни арабҳо ва дигар мусулмонон ангезиш дода, нерӯҳои Амрико, дипломатҳо ва сайёҳонро зери хатар мегузорад. Раҳбарони мазҳабии Амрико низ нақшаи сӯзондани Қуръонро тавҳиномез ва таҳаммулнопазирона номида маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG