Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоси Амрико барои боздошти гумонбарон дар Покистон


Иёлоти Муттаҳида аз мақомоти покистонӣ барои боздошти се гумонбаршудаи суиқасд ба ҳамлаи террористӣ дар Тайм Сквери Ню Йорк изҳори сипос кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Филип Кроулӣ гуфт, муфаттишони амрикоӣ эътимоди қавӣ доранд, ки гумонбаршуда, амрикоии покистониасл, Файсал Шаҳзод аз афроде дар дохили Покистон кӯмак гирифтааст. Полиси Покистон субҳи имрӯз хабар дод, ки се нафаре, ки мақомоти Амрико аз онҳо гумонбар мебошанд, дар Исломобод боздошт шудаанд. Кроулӣ гуфт, муфаттишонин амрикоӣ бо мақомоти покистонӣ дар таҳқиқи парванда ҳамкории наздик доранд. Рӯзи якуми май дар маркази Ню Йорк мошини бомбагузоришудае кашф шуд, ки ба Шаҳзод нисбат дода мешавад.
XS
SM
MD
LG