Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Молдова пароканда хоҳад шуд


Иҷрокунандаи вазифаи президенти Молдова, Михай Ғимпу, мегӯяд, дастури парокандагии порлумонро имзо ва интихоботи зудрас эълон хоҳад кард. Барои ин вай аз Додгоҳи қонуни асосии Молдова хост, иҷозаи расмӣ диҳад. Изҳороти Ғимпу дар ҳоле садо медиҳад, ки назархоҳии умумии Молдова, ки интизор мерафт, интихоби президентро умумихалқӣ мекард, шикаст хӯрд. Порлумони Молдова, ки аз рӯи қонун бояд раисиҷумҳурро интихоб кунад, зиёда аз 1 сол боз натавонистааст, ба номзади муайяне бартарӣ диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG