Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар ҷои 127-уми раддабандии рушди башарӣ


Бунёди илм, фарҳанг ва маорифи Созмони Милали Муттаҳид, Юнеско, мегӯяд, дар ҷаҳон 760 миллион нафар, яъне даҳ баробари тамоми аҳолии Тоҷикистон аз одитарин малакаҳои савод маҳрум буда, 72 миллион кӯдак берун аз мактаб мондаанд. Ин ниҳод ба муносибати Рӯзи байнулмилалии савод8-уми cентябр раддабандии вазъи маориф ва рушди башарӣ дар кишварҳои оламро нашр кардаанд. Бино бар он Тоҷикистон дар миёни 181 кишвар дар мақоми 127-ум қарор дорад. Аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин Беларус (68) ва Русия (71) бар пояи мероси шӯравӣ ба сатҳи баландтар баромадаанд. Туркманистон дар ин феҳраст ҷои 109, Молдова 117, Ӯзбакистон 119 ва Қирғизистон 120-умро ишғол кардаанд.
XS
SM
MD
LG