Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Олмон ба муаллифи танзҳои зидди паёмбари ислом


Рассоми даниягӣ, муаллифи тасвирҳои танзомези паёмбари ислом Муҳаммад, ки эътирозҳои густардаи олами исломро ба вуҷуд овард, дар Олмон ҷоизаи матбуот гирифт. Созмондиҳандагони ҷоизаи М100 гуфтаанд, Курт Вестергаард барои хидмати худфидоёнааш барои озодии матбуот ва озодии баён ба ин ҷоиза сазовор дониста шуд. Сарвазири Олмон, Ангела Меркел дар нутқаш дар расми тақдими ҷоизаҳо аз рассом Вестергаард ситоиш кард. Вестергаард 12 карикатураи паёмбари исломро кашид, ки баъд аз нашр шудан нахуст дар як рӯзномаи Дания эътирозҳо дар саросари ҷаҳони исломро ба вуҷуд овард.
XS
SM
MD
LG