Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи дафтари ягона нашрияи ғайриҳукуматӣ дар вилояти Хатлон бо номи “Пажвок” дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон сурат гирифт ва баҳонае барои баррасии масъалаи ҳамраъйӣ дар миёни хабарнигорони минтақа дод.

Ҷомеаи журналистии минтақаи Қӯрғонтеппа аз ифтитоҳи дафтари кории ягона нашрияи ғайриҳукуматӣ дар Хатлон бо номи “Пажвок” истиқбол карда мегӯяд, афзоиши расонаҳои мустақил дар азимтарин вилояти Тоҷикистон ба рушди озодии баён ва дастрасӣ ба манобеъи алтернативии ахбор мусоидат хоҳад кард.

Орзу Ҳамидов, муассиси нашрияи “Пажвок”, мегӯяд, ҳамакнун бо пуштибонии молии сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ягона нашрияи ғайриҳукуматии Хатлон ҳафтае як маротиба, дар ҳаҷми 16 саҳифа ва бо теъдоди 4 ҳазор нусха рӯйи чоп хоҳад омад, ки дар гузашта собиқа надоштааст.

Халои иттилоотӣ дар Хатлон

Коршиносон мегӯянд, ҳоло расонаҳои мустақили фаъол дар ҷануби Тоҷикистонро мешавад ба ангуштони як даст баршумурд ва фаъолияти онҳо ҳам номуассир арзёбӣ мешавад, ба таври умум, сокинони маҳаллӣ ба сарчашмаҳои алтернативии ахбор дастрасӣ надоранд ва бо таҳаввулоти минтақа аз нигоҳи танҳо нашрияҳо, радио ва телевизионҳои давлатии маҳаллӣ ошно мешаванд. Ба гуфтаи Орзу Ҳамидов, бо дарназардошти ҳамин холигаҳи фазои иттилоотӣ нашрияи “Пажвок” пеши худ ҳадаф гузоштааст, то рӯйдоду воқеаҳои қаламрави Хатлонро аз ҳар назар, холисона ва бо таҳқиқу таҳлил ба аудиторияи ташнаи ахбори алтернативӣ пешкаш кунад:

“Ғайр аз оне, ки халои иттилоотӣ ҳоким аст дар вилояти Хатлон, нашрияҳои мустақил вуҷуд надоранд дар минтақа ва мо дар миёни нашрияҳо рақиби қавӣ надорем ва дар матбуоти мустақил дар Хатлон умуман рақиб надорем. Мо, албатта, аз ин фазо истифода хоҳем кард. Ҳоло барои мо шароити хубе ҳаст, ки доираи хонандаҳои нашрияро васеъ кунем ва кори нашрияи худро дар роҳи рушди озодии баён равона созем. Барои татбиқи ҳамин тарҳ мо дар доираи як лоиҳа, аз кӯмаки молии сафорати Амрико, дар ҳудуди 20 ҳазор доллар, бархурдор шудем. То ин замон “Пажвок” моҳе 1 ё ду маротиб дар ҳаҷми 8-16 саҳфа, бо таъдоди 1000-2000 нусха ба чоп мерасид ва саривақт ба дасти хонанда намерасид, ҳамакнун вазъ ислоҳ мешавад...”

Расонаҳои "худӣ" ва "бегона"


Ифтитоҳи дафтари кории нашрияи ғайриҳукуматии “Пажвок” дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар рӯзе сурат гирифт, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон хабарнигорон аз рӯзи ҷаҳонии ҳамраъйии журналистон ёдовар мешуданд. Ҳарчанд дар ин рӯз ҳеҷ кадом чорабинии фарҳангӣ ё ҷамъомади хосе дар Қӯрғонтеппа баргузор нагардид, хабарнигорони маҳаллӣ бештар рӯйи ин масъала ҳарф мезаданд, ки ҳамраъйии комил дар миёни кормандони ба вижа расонаҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ эҳсос намешавад.

Сайраҳмон Назриев, хабарнигори ожонсии итилоотии “Азия-плюс”, ки чандин матлабаш дар бораи тафриқаандозиҳои мақомоти ҳукуматӣ дар миёни хабарнигорон ва тақсимбандии онҳо ба “худӣ”-ю “бегона” дар матбуот чоп шудааст, дар ин иртибот гуфт:

“Аслан, дар журналистикаи минтақаи хатлони Тоҷикистон, шояд чун дар тамоми Тоҷикистон, ҳамраъйии журналистиро мешавад гуфт, ки ҳам то андозае вуҷуд дорад ва ҳам надорад. Албатта, ба таври ошкор мухолифату баҳсу ҷанҷолҳои лафзӣ миёни журналистон кам мушоҳида мешавад, аммо мисолҳои дигари нороҳаткунанда ҳам ҳастанд. Масалан, бисёр мешавад, ки дар вокуниши мақомдорони Хатлон ба мақолаҳои таҳлилию танқидии хабарнигорон, изи дасти ҳамкасбони мо эҳсос мешавад, ки ин дуруст нест. Аслан, ман фикр мекунам, ки ҳамраъйии журналистон бояд дуруст он гуна зоҳир шавад, ки тамоми одамон миёни ҳам нишон медиҳанд, яъне кӯмаки саривақтӣ ба ҳамдигар дар мавридҳои мушкил...”

Ниёзи рӯзноманигорон ба ҳамраъйӣ

Орзу Ҳамидов, муҳаррири нашрияи "Пажвок"
Ва аммо Орзу Ҳамидов, муассиси нашрияи ғайриҳукуматии “Пажвок” дар вилояти Хатлон, мегӯяд, мисолҳои фаровоне аз ҳамраъйии журналистон дорад, ки бахусус ҳафтаномаи “Пажвок”-ро аз баҳсу мурофиаҳои беасоси додгоҳӣ эмин нигоҳ доштааст:

“Масалан, вақте ки алайҳи нашрияи мо амалдорони ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар посух ба матолиби таҳлилии мо мақолаҳои тунду таҳдидкунанда навиштанд, мо ҳамраъйӣ ва ҳамовозии ҳамкасбонро ҳис кардем. Тамоми журналистон нисбати он ҳодисае, ки мо навишта будем, таҳқиқ карданд ва бо факту далел собит намуданд, ки мо ҳақ будем ва мушкили мо роҳҳал пайдо кард. Ҳамин аст ҳамраъйӣ...”

Бо ифтитоҳи бунгоҳи хабарии нашрияи “Пажвок” дар Қӯрғонтеппа, ки аз соли 2007 бад-ин сӯ дар шаҳри Кӯлоб дафтари корӣ дошт, ноширони ҳафтанома изҳори умедворӣ доранд, ки ягона нашрияи мустақил бо ҳамраъйии хабарнигорони ҳирфаӣ ва мустақили Хатлон ба зудӣ соҳибмавқеъ хоҳад шуд.

Нотавонии расонаҳо дар баробари фишорҳои мақомот

Бо ин ҳама, коршиносони масоили журналистика мегӯянд, махсусиятҳои матбуоти Хатлон гувоҳи он аст, ки кормандони мақомоти ҳукумат ҳангоми бархурд ба матолиби расонаҳои хабарӣ, бештар аз худи хабарнигорон, ҳамраъй ҳастанд ва чунин мисолҳо ҳам фаровонанд, ки дар натиҷаи ҳамраъйии мақомот, зери фишорҳои равонӣ журналисти ҳақгӯ водор шудааст, “ноҳақ” буданашро ба қавле “иқрор” кунад.

Шаҳнавози Фараҳманд, хабарнигори мустақил, мегӯяд: “Дар мавриди ҳамраъйии журналистон гуфтаниям, ки ин ҳамраъйӣ бояд дар ягонагии амалҳо ва фаъолияту тарзи бархурд бояд таҷассум ёбад. Ман мутмаинам, ки журналистон бояд аз рӯйи як принсип амал кунанд, яъне нисбат ба ҳукуматдорон ҳамчун ба хидматчиёни мардум муносибат куанд, яъне фаъолияти онҳоро зери контрол гирифта, камбудиҳояшонро зери тозиёнаи танқид бикашанд”.

Ва аммо хабарнигори дигаре аз нашрияи ҳукуматии “Хатлон”, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт: “Бар ин андеша ҳастам, ки ҳамраъйии журналистон бояд дар муборизаи муштарак бо ноширон, соҳибони нашрияҳои худашон рӯшан шавад. Зеро ноширон ва журналистон дар аксари маврид ҳадафҳо ва алоқамандиҳои тамоман мутафовит доранд. Журналистон бояд пойбанди озодии баён бошанд ва ба ҳар восита нагузоранд, аз онҳо иҷрои амалеро талаб кунанд, ки муқобили принсипҳояшон аст...”

Ҳамин гуна, бахши аъзами хабарнигорони Хатлон ба зарурати таҷлил аз Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон таъкид мекунанд. Онҳо мегӯянд, бо баҳонаи таҷлили ин сана ҳадди ақал соле як маротиб гирди ҳам омада, дар бораи мушкилоти кори худ мубодилаи афкор хоҳанд кард.Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон ҳамасола рӯзи 8-уми сентябр таҷлил мешавад. Ин сана ба ҳаводиси фоҷеабори соли 1943 рабт дорад, ки дар зиндони фашистӣ нависанда ва журналист маъруфи чех Юлиус Фучик ба қатл расид.

Соли 1954 конгресси чоруми Созмони байналмилалии хабарнигорон дар Бухарест ба чунин қарор расид, ки 8-уми сентябри ҳар сол ба хотири гиромидошти хотираи Юлиус Фучик Рӯзи ҳамраъйии журналистон таҷлил шавад. Дар охири садаи бистум бо қарори конфаронси СММ ин санаи муҳим расман мақоми байналмилалиро касб кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG