Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ҳадафҳои муҳими давлатро эълон кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми телевизионии бахшида ба 19-умин солгарди истиқлолият таъмини истиқлолияти энержӣ, раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро аз ҳадафҳои муҳими давлат эълон кард.

Ҷаноби Раҳмон зимни табрику таҳнияти шаҳрвандон истиқлолияти Тоҷикистонро «бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихи навин» хонд.

Ӯ дар ин паёми телевизионӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон дар 19 соли ахир ва авлавиятҳои сиёсати дохиливу ва хориҷии кишвар гузориш дод ва таъкид кард, ки сарфи назар аз монеа ва мушкилот дар татбиқи тарҳҳои муҳими стратегӣ азми қавӣ дорад. Президент ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ишора мекард, ки ахиран баҳс ва ихтилофи назари Тоҷикистон ва Узбакистонро ба бор овардааст.

Ҷаноби Раҳмон бори дигар пайгирии давлати Тоҷикистон аз сиёсати «дарҳои боз»-ро ёдовар шуд ва гуфт, ин шеваи ҳамкорӣ густариши равобит бо кишварҳо ва созмонҳои хориҷиро таъмин хоҳад кард.

Ӯ баргузории нишасту ҳамоишҳои байнулмилалӣ дар Душанбе, аз ҷумла Ҳамоиши ҷаҳонии «Об барои ҳаёт», нишасти Созмони Конфронси Исломӣ ва бузургдошти Имоми Аъзамро нишоне аз афзоиши эътибори байнулмилалии Тоҷикистон унвон кард.

Президент дар бораи вазъи забони давлатӣ низ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, истиқлолият барои эҳё ва рушди забони давлатӣ ҷойгоҳ ва шароити мувофиқ муҳайё кардааст. «Забони тоҷикии мо, ки замоне бо он аз сари минбарҳо сухан гуфтан қариб аз миён рафта буд, имрўз аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баланд садо медиҳад», - гуфт президент дар паёми телевизионии бахшида ба 19-умин солгарди истиқлолияти кишвар.
XS
SM
MD
LG