Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: "Азми мо қавист"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, зимни паёми табрикӣ ба муносибати 19-умин солгарди истиқлол, гуфт, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуд, нерӯгоҳҳои барқӣ дар ин кишвар сохта хоҳад шуд. Саъйи Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи азими барқи обии Роғун, мояи сардии равобит бо Ӯзбакистон шудааст, ки мегӯяд, дар сурати бунёди Роғун оби кофӣ барои обёрии киштзорҳои васеъаш нахоҳад дошт. Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми телевизионӣ гуфт, сарфи назар аз ҳамаи монеаву мушкилоти мавҷуд азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншооти гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ…. зиндагии шоиставу арзандаи аҳолиро таъмин намоем.“ Тоҷикистон 19 сол пеш баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравии собиқ истиқлол ба даст овард.
XS
SM
MD
LG