Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулияти таркиши Хуҷандро як гурӯҳи исломӣ бар дӯш гирифт


Бар асари таркиш дар Хуҷанд 4 нафар кушта ва 26 нафар маҷруҳ шудаанд

Бар асари таркиш дар Хуҷанд 4 нафар кушта ва 26 нафар маҷруҳ шудаанд

Як гурӯҳи ношиноси исломӣ масъулияти бомбгузории хунини интиҳорӣ дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда гирифтааст. Гурӯҳе, ки худро Ҷамоати Ансоруллоҳ номидааст, бо нашри номае дар вебсайти Кавказсентр навиштааст, ҳамла ба шаҳри Хуҷанд ниқор барои ҳамла ба мусулмонон дар кишвар аст.

Дар номаи ин гурӯҳ омадааст, ки ҳамлавар як нафар буд ва Абдуллоҳ ном дошт. Дар бораи фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ва рабти он бо гурӯҳҳои тундарави дигар иттилоъе дарстрас нашудааст.

Ин таркиш субҳи рӯзи 3-уми сентябр ба вуқӯъ пайваст. Як мошини тамғаи "Волга" бо суръат ба дарвозаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ворид шуд таркид.

Бар асари инфиҷор шахси ҳамлавар, ҳамчунин ду корманди милиса ва ду нафари мулкӣ кушта, 27 маъмури дигари милиса ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд.

Додситонии вилояти Суғд, дар мавриди таркиши субҳи ҷумъа дар шаҳри Хуҷанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин парванда бо иттиҳоми даҳшатафканӣ, куштор ва истифода аз зӯр алайҳи намояндагони давлат боз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан ин ҳодисаи таркишро ба ҷонибдорони Ҳаракати исломии Узбакистон рабт медоданд. Вале ин ҳаракати тундгаро то ҳол дар робита ба ҳодисаи инфиҷор вокунише нишон надодааст.

Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд бо интишори варақаи иттилоотӣ аз оғози парванда алайҳи созмондиҳандагони хабар дода, аз шаҳрвандон дар мавриди ошкор кардани ҳуввияти онҳо кӯмак хостааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG