Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулияти ҳамлаи Хуҷандро як гурӯҳи исломӣ бар дӯш гирифт


Як гурӯҳи ношиноси исломӣ, имрӯз масъулияти бомбгузории хунини интиҳорӣ дар Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифт, ки моҳи гузашта ду афсари милисаро дар шаҳри Хуҷанд кушт. Гурӯҳе, ки худро "Ҷамоат Ансоруллоҳ дар Тоҷикистон" номидааст, бо нашри номае дар вебсайти Кавказсентр навиштааст, ҳамла ба шаҳри Хуҷанд ниқор барои ҳамла ба мусулмонон дар кишвар аст. Моҳи гузашта ду маргталаб мошини бомгузоришудаеро ба қароргоҳи милиса дар шаҳри Хуҷанд равона карда ва ду афсари милисаро куштанд ва 25 тани дигарро маҷрӯҳ карданд. Дар номаи гурӯҳ омадааст, ки ҳамлавар як нафар буда ва исми ӯ ҳам Абдуллоҳ будааст.
XS
SM
MD
LG