Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Сайфиддинов – мураббии дастаи таэквондои ИМА


Варзишгари маъруфи тоҷик Далер Сайфиддинов, қаҳрамони шашкаратаи ҷаҳон дар риштаи таэквон-до ITF, ки ҳоло дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар мебарад, мураббӣ ва узви дастаи мунтахаби ин кишвар мебошад.

Ба Далер Сайфиддинов муяссар шуд, ки дастаи ИМА-ро дар як муддати кӯтоҳ ба мусобиқоти кушодаи қаҳрамонии Канада омода карда, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб намояд.

Ба иттилоъи Мирсаид Яҳёев, устоди Далер Сайфиддинов, шогирдаш дастаи мунтахаби Амрикоро ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли 2011 дар шаҳри Пхеняни Куриёи Шимолӣ баргузор хоҳад шуд, омода месозад.

Мумкин аст дар ин мусобиқот шогирдони амрикоии Далер Сайфиддинов рақибони сазовори таэквондочиёни тоҷик шаванд.
XS
SM
MD
LG