Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи шоҳмоти босуръат бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо пирӯзии Рашид Ҳусейнов, мудири мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе, ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа 16 шатранҷбоз ширкат дошт. Мусобиқа аз рӯи тартиби олимпӣ баргузор шуд. Рашид Ҳусейнов ва шогирдаш Икром Илҳомзода ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии ҳалкунанда шатранҷбози пуртаҷриба Рашид Ҳусейнов пирӯз гашт.

Воқеъан, Федеросиюни байналмилалии шоҳмот – ФИДЕ рейтинг ё феҳристи бозигаронро нашр намуд. Магнус Карлсени норвегӣ бо 2826 имтиёз дар садри ин феҳрист қарор дорад. Веселин Топалови булғор бо 2803 имтиёз ҷои дуввум ва шатранҷбози Ҳиндустон Вишванатан Ананд бо 2800 имтиёз ҷои севумро касб кардаанд.

Байни шатранҷбозони тоҷик гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов бо 2602 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Устоди ФИДЕ Соҳиб Ҷӯраев бо 2397 имтиёз дар ҷои дуввум ва Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев бо 2391 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG