Пайвандҳои дастрасӣ

Дар остонаи ҷашни истиқлолият коршиносони ҷавони тоҷик мегӯянд, 19 соли ахир бурд ва бохтҳое дошт. Ба гуфтаи онҳо, аз як сӯ истиқлолияти миллӣ барои ҷавонон имконоти навро фароҳам овард ва аз сӯи дигар равандҳои манфии иҷтимоиро бо худ дошт.

Мирзооломи Мирзораҳим, як ҷавони тоҷик, бар ин назар аст, ки бо гузашти 19 сол дар Тоҷикистон то ҳанӯз истиқлолияти иқтисодӣ шакл нагирифтааст.

Оқои Мирзоолим мегӯяд, истиқлолият ҷанбаҳои манфӣ низ дошт, ки яке аз онҳо падидаи муҳоҷирати кории садҳо ҳазор тоҷикон аст, ки барои пайдо кардани қути лоямут ба кишварҳои хориҷ ва ба хусус ба Русия рӯ оварданд.

Вале Аюбҷон Эгамов, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, мардуми калонсоли Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро пушти сар карданд, ба мушкилоти иқтисодӣ ва бекорӣ аз ҳамин зовия баҳо медиҳанд ва шукронаи оромӣ ва субот мекунанд. Аммо наврасоне, ки аз ҷанг хотирае надоранд, бо мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ қаноатманд бошанд:

«Сабаби рӯҳафтода будани аксари ҷавонони тоҷик ҳам дар он аст, ки онҳо дар Тоҷикистон мавқеи худро пайдо карда наметавонанд».

Аммо Рустам Ғиёсов, сардори идораи кор бо ҷавонон варзиш ва саёҳии Суғд, бар ин назар аст, ки 19 соли истиқлол ба рушди зиндагии мардум ҳам мусоидат кардааст: «Дар тӯли 19 соли истиқлолият бештари мардуми Тоҷикистон, ба хусус ҷавонон тавонистанд, ба кишварҳои хориҷ сафар кунанд. Солҳои охир ширкати ҷавонон дар чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ ва ҳам варзишии байналмилалӣ фаъолтар шудааст».

Бекорӣ ва ояндаи норавшани ҷавонон

Бархе аз ҷавонони ҳамсӯҳбати мо бар ин назаранд, ки мушкили бекорӣ, ояндаи норавшан бештари ҷавонони тоҷикро ба кӯи ноумедӣ кашидааст. Афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар байни ҷавонони вилояти Суғдро низ ба ҳамин мушкилот рабт медиҳанд.

Тилав Расулзода, рӯзноманигори мустақил, мегӯяд, як сабаби чунин вазъ набуди марказҳои саргармкунанда барои ҷавонон ва заъфи низоми мактабу маориф аст:

«Ба андешаи ман, яке аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани ҷавонон сатҳи пасти зиндагист. Ашхосе пайдо мешаванд, ки бо ин гуна рӯзгор муросо карда наметавонанд ва дучори ҳолатҳои равонӣ мегарданд. Дар ҳадди баланди эҳсосот баъзеҳо даст ба худкушӣ мезананд ва шояд дарк накунанд, ки бо ин амали хеш онҳо ба зиндагии худ хотима мегузоранд».

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ноамниҳои ахир дар кишвар метавонад боз ҳам ноумедиҳои ҷавононро аз зиндагиву кор дар кишварашон афзоиш диҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG