Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сармоядори маъруфи амрикоӣ Ҷорҷ Сорос эълон кард, ки дар зарфи 10 соли оянда ба Human Rights Watch, як созмони шинохтаи ҳомии ҳуқуқи башар 100 миллион доллар хоҳад дод. Яъне ҳарсол ба миқдори 10 миллион доллар.

Ҷорҷ Сорос гуфт, Ҳюман Райтс Вотч, ё Дидбони ҳуқуқи башарро хуб мешиносад ва мехоҳад дар боло бурдани муассирият ва ҳифзи рӯҳияи ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар саҳм бигирад.

“Ин 10 миллион доллар ҳар сол дар зарфи 10 соли оянда бо умеде ироа хоҳанд шуд, ки онҳо аз манобеъи дигар низ ҳамасола дастикам 10 миллион доллар пайдо бикунанд ва дар кишварҳои дигар низ талошҳои вижае анҷом диҳанд. Онҳо алакай дар Аврупо пойгоҳи қавие бунёд кардаанд, вале ба назари ман, онҳоро лозим аст, ин корро дар Амрикои лотиниву Осиё низ анҷом диҳанд.”

Human Rights Watch, ё Дидбони ҳуқуқи башар феълан ҳудуди 300 корманд дошта, мавридҳои поймол шудани ҳуқуқи башар дар наздик ба 90 кишвари ҷаҳонро назорат мекунад. Ин гурӯҳ мегӯяд, таъмини молиаш аз сӯи ниҳодҳои Сорос алакай оғоз ёфта, ин кӯмак имкон медиҳад, дар роҳандозии шабакоти гузоришгаронаш дар бархе қисматҳои Африқову Осиё ба пешрафтҳои қобили мулоҳиза даст биёбад.
Ин созмон акнун ҳамчунин мехоҳад дар кишварҳои калидӣ муҳаққиқону гузоришгарони бештар истихдом кунад.



Ҷорҷ Сорос, ки имсол ба синни 80 расид, дар Маҷористон ба дунё омада, феълан бо тақрибан 14 миллиард дороӣ дар феҳрасти сарватмандтарин мардони дунё, ки маҷаллаи амрикоии “Форбс” таҳия мекунад, дар мақоми 35-ум қарор дорад.

Ӯ дар тӯли умри худ тақрибан 8 миллиард доллар аз дороиҳояш сарфи корҳои хайрия карда, аз ҷумла ҳар сол фақат барои Институти Ҷомиаи Боз, як муассисаи хайрияи марбут ба Сандуқи Сорос 600 миллион доллар ҷудо мекунад.

Аммо бо вуҷуди чунин хайроти бузург Ҷорҷ Соросро дар кишварҳои мухталиф бо рангҳои низ мухталиф тасвир мекунанд. Барои бархе ӯ сармоядори бетараҳҳумест, ки ба хотири фоида аз чизе даст намебардорад. Барои бархеи дигар ӯ Ҳотами Тойи даврони мост, ки бо саховатҳои танҳо худаш иктифо накарда, феълан миллиардерҳои дигари амрикоиро низ ташвиқ мекунад, то барои корҳои хайрия сарфи ҳарчӣ бештар кунанд. Ва бархе ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, зери ин косаи корҳои хайрия ҳатман нимкосаҳое пинҳон аст, ки мо намебинем ва дар асл Ҷорҷ Сорос дар паси ин ҳама барномаҳои имдодӣ аҳдофи тиҷориву сиёсии худро дунбол мекунад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори собиқадори тоҷик, дар тӯли 10 сол раҳбарии дафтари Иститути Ҷомиаи боз дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва табъан тайи ин муддат бо Сорос аз наздик ошно ҳам шудааст. Дар гуфтугӯе аз хонум Бобоназарова пурсидем, ки ӯ ин мардро бо чӣ рангҳое метавонад ба риштаи тасвир бикашад?

Ӯ мегӯяд, Соросро як нафари дар амалкардҳояш самимӣ ва воқеъан ба арзишҳое, чун ҳуқуқи башар ва ҷомиаи шаҳрвандӣ пойбанд дарёфтааст. Ба гуфтаи Бобоназарова, Сорос ба тақсими пули Сандуқаш дахолат намекард ва танҳо ду чизро барои кормандонаш манъ карда буд: пуштибонӣ аз ҷонибе дар интихобот ва ҳимоят аз аҳзоби сиёсиро.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG