Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориш ба Шӯрои Амният доир ба бедодгариҳо дар Конго


Мақомоти Созмони Милал гузориш додаанд, ки аз моҳи июн то август дар Ҷумҳурии демократии Конго размандагони мусаллаҳ бештар аз 500 нафар, аз ҷумла баъзе кӯдаконро таҷовуз кардаанд. Қаблан теъдоди қурбониёни ин бедодгариҳоро камтар мегуфтанд. Аксарияти он афродро дар зарфи чанд рӯз дар наздикии ӯдругоҳи Созмони Милал дар вилоятҳои Кибуа ва Кивуи Шимолӣ таҷовуз кардаанд. Маргот Волстром, фиристодаи махсуси Созмони Милал дар умури мубориза бо хушунати ҷинсӣ ба Шӯрои Амният гуфт, таҷовузи афрод, на ҳодисаи ҷудогона, балки бахше аз барномаи васеъ будааст: "Ончӣ бахусус нороҳаткунанда аст, ки ҳамлаҳо ба Кибуа на як ҳодисаи ҷудогона, балки бахше аз як раванди васеъи ғоратгарии фарогир ва таҷовузҳои пайваста будааст." Отал Хорӣ, дастёри дабири кулли Созмони Милал ба Шӯрои Амният гуфт, мақомоти Созмони Милал дар Конго ҳадди аққал қисман гунаҳкор ҳастанд, ки натавонистанд, аз таҷовузи оммавӣ дар вилояти Киву шимолӣ ва ҷанубӣ ҷилавгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG