Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқлол ба мардум чӣ дод?


Шаҳрвандони Тоҷикистон ба сурати умум истиқлолиятро ҳамчун ганҷи гаронбаҳо ва имкони татбиқи ормонҳои миллӣ эътироф мекунанд. Аммо ҳамзамон мегуянд, ки интизороти онҳо аз истиқлол дигар буд, на оне ки ҳоло доранд. Эълони истиқлолияти Тоҷикистон якҷо бо ҷанги шаҳрвандӣ фаро расид ва рушди давлатро даҳсолаҳо ба ақиб кашид. Аммо бо вуҷуди мушкилот бисёр шаҳрвандон истиқлолро неъмати бузург мехонанд.

Мардуми Тоҷикистон аз истиқлоли давлат интизориҳои зиёде доранд. Теъдоде истиқлолро муқаддас медонанд ва мегуянд, ки он то андозае озодии мазҳабу суханро барояшон арзонӣ доштааст. Гурӯҳе бо шикоят аз сангинии зиндагӣ мегуяд, ки аз истиқлолят ҳеҷ хубие надидаанд.

Гурӯҳи саввум аслан намедонанд, ки истиқлол чист ва дар сарнавишти онҳо чӣ нақше гузоштааст.

Аммо ба сурати умум, ҳама медонанд, ки 9 -сентябр як ҷашни миллии пуршукӯҳе дар Тоҷикистон таҷлил мешавад, ки рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ном дорад!

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG