Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF боздошти вакили эрониро маҳкум кард


Созмони Гузоришгарони бидуни марз боздошти боздошти Насрин Сутуда, ҳуқуқдони эрониро маҳкум кард. Бино ба гузориши бахши форсии Радиои Озодӣ, маъмурони амниятӣ, ахири моҳи август, манзили Насрин Сутударо кофтуков карда ва баъзе аз ашёи хусусӣ ва кории ӯро мусодира кардаанд. Баъди ин ӯро ба додситонӣ даъват карда ва сипас бо иттиҳоми “иқдом алайҳи амнияти миллӣ” ва “тарғибот алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ” дастгир кардаанд. Насрин Сутуда аз ҳуқуқи чанде аз зиндониёни сиёсие дар додгоҳ дифоъ мекард, ки баъди нооромиҳои интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳур дар соли 2009 дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG