Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи муҳокимаи фаъоли ҳуқуқи инсони Қирғизистон


Муҳокимаи як ҳомии фаъоли ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон идома дорад, ки ӯро ба даст доштанд дар қатли як корманди милиса дар шаҳри Ҷалолобод муттаҳам мекунанд. Азимҷон Аскаров ва шаш ӯзбаки дигар ба қатли Мактуббек Сулаймонов дар рӯзҳои низоъҳои хунини қавмӣ дар аввали моҳи июн дар Ҷалолобод муттаҳам мешаванд. Ба истиснои ду нафар, Азимҷон Аскаров ва панҷ тани дигар иттиҳомотро эътироф накардаанд. Ҳюман Райтс Вотч, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз Қирғизистон хостааст, муҳокимаи Азимҷон Аскаров ва дигар муттаҳамонро шаффофу одилона баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG