Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як додраси ноҳиявӣ дар Қабардину Балқар


Мақомоти расмӣ мегӯянд, афроди мусаллаҳ, як додраси ноҳиявиро дар ҷумҳурии Кабардину Балқари Русия куштанд. Ба гуфтаи додситонӣ, Ҷулбар Биковро ҳангоми бозгашт ба хона шоми сешанбе дар дохили мошинаш бо тири туфанг куштаанд. Ҷулбар Биков пеш аз додрас шуданаш, афсари пулис будааст. Русия дар Қафқози шимолӣ алайҳи ифтротгароии исломӣ мубориза мекунад, ки бар асари фасодкорӣ дар минтақа авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG