Пайвандҳои дастрасӣ

Тавсияи Шӯрои уламои Тоҷикистон ба муллоҳои кишвар


Шӯрои уламои Тоҷикистон аз муллоҳои кишвар хостааст, аз даъвати кӯдакону донишҷӯён ба масҷид худдорӣ кунанд, то ба таҳсили онҳо дар макотиб таъсири манфӣ нагузоранд. Қобилҷон Бобоев, мудири шӯъбаи фавтои шӯрои уламо мегӯяд, даъвати мазкур ба маънии манъи рафтани наврасону донишҷӯён ба масоҷид нест. Чанде пештар аз ин Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз волидайне, ки фарзандонашон дар мадрасаҳои динии хориҷӣ таҳсил мекунанд, хост, то фарзандонашонро аз он ҷо фаро бихонанд, зеро ба гуфтаи раиси ҷумҳур, онҳо дар он ҷо "ифротгаро ва террорист" мешаванд.
XS
SM
MD
LG