Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омори такондиҳандаи СММ доир ба таҷовуз дар Конго


Мақомоти Созмони Милал гузориш додаанд, ки аз моҳи июн то август дар Ҷумҳурии демократии Конго размандагони мусаллаҳ бештар аз 500 нафар, аз ҷумла баъзе кӯдаконро таҷовуз кардаанд. Рақами мазкур бештар аз оморест, ки пештар гуфта мешуд. Отал Хорӣ, дастёри дабири кулли Созмони Милал ба Шӯрои Амният гуфт, мақомоти Созмони Милал дар Конго ҳадди аққал қисман гунаҳкор ҳастанд, ки натавонистанд, аз таҷовузи оммавӣ дар вилояти Киву шимолӣ ва ҷанубӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ӯ гуфт, нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Милал натавонистаанд, аз ҳамла ба кӯдакон занон ҷилавгирӣ кунанд. Ҷудоихоҳони мусаллаҳи Руанда ва Конгоро, масъули бисёре аз ҳамлаҳо дар ин минтақа медонанд.
XS
SM
MD
LG