Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 10 ҷангҷӯ дар манотиқи қабоилнишини Покистон


Бино ба гузоришҳо, бар асари ҳамлаи як ҳавопаймои бидуни сарнишин ба як минтақаи қабоилнишини ҳаммарз бо Афғонистони Покистон, дасти кам 10 ҷангҷӯ кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ, ду ҳамлаи ҳавоӣ ба ноҳияи Вазиристони шимолӣ, ки паноҳгоҳи Толибону Ал-Қоида маҳсуб мешавад, сурат гирифтааст. Дар ҳамлаи аввал ба рустои Данди Дарпахел шаш ҷангҷӯ кушта шудааст ва дар ҳамлаи дуввум ба як мошин дар рустои марзии Дотахел ҳар чаҳор мусофири он кушта шудаанд. Маъмурони амниятӣ мегӯянд, ҳадафи ҳамла аъзои шабакаи ҷангсолори афғон Сироҷиддини Ҳаққонӣ, ки масъули чандин ҳамлаҳои маргбор дар Афғонистон будаанд.
XS
SM
MD
LG