Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз пайомади сӯзонидани "Қуръон"


Ду фармондеҳи аршади нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз қасди як калисои хурд барои дар рӯзи 11 сентябр ба оташ афкандани нусхаҳои "Қуръон"-и шариф изҳори нигаронӣ кардаанд.

Калисои Dove World Outreach Center, воқеъ дар шаҳри Гейнсвилли иёлати Флоридаи ИМА изҳор намудааст, тақрибан 50 тан аз пайравонаш бо сӯзонидани нусхаҳои китоби муқаддаси мусалмонҳо мехоҳанд солгарди ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вошингтонро қайд кунанд.

Шаҳрдории Гейнсвилл ба калисо барои баргузории гирдиҳамоӣ ва ба оташ афкандани нусхаҳои "Қуръон" иҷоза надодааст ва аммо роҳиби калисо Терри Ҷонс гуфтааст, ки онҳо аз иқдоми худ даст намебардоранд.

Иғвое, ки таҳдид ба ҷони амрикоиҳо хоҳад шуд?

Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва ИМА дар Афғонистон гуфт, ки барномаи калисои Dove World Outreach Center талошҳои раисиҷумҳур Барак Обама барои дасти дӯстӣ дароз кардан ба яку ним миллиард мусалмони оламро барҳам мезанад. Ӯ мутмаин аст, ки сӯзонидани нусхаҳои "Қуръон"-и шариф на фақат дар Афғонистон, балки дар ҳар куҷои дигари олам, ки амрикоиҳо бо ҷаҳони ислом робита доранд, мушкилоти ҷиддӣ эҷод хоҳад кард.

Фармондеҳи нерӯҳои тамринии НАТО дар Афғонистон генерали амрикоӣ Вилям Колдвелл низ иқдоми калисои Ҷонсро иғвое номид, ки метавонад ҳаёти амрикоиҳоро зери хатар гузорад.

Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул гуфт, ки “аъмоли тунди онҳо амалан амнияти мардону занони ҷавонеро, ки либоси низомӣ дар тан дар инҷо адои хидмат мекунанд, дучори хатар карда, он аҳдоферо низ, ки мо талош дорем ба даст биёварем, барбод медиҳад.”

Вошинтон аз носипосӣ ба ислом пуштибонӣ нахоҳад кард

Аз ин пеш сафорати Амрико дар Кобул аз иқдоми калисои Dove World Outreach Center барои сӯзонидани нусхаҳои "Қуръон"-и шариф интиқод карда буд. Дар изҳороти сафорат омадааст, ки “ҳукумати Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ аз носипосӣ ба дини ислом пуштибонӣ намекунад ва аз ин гуна талошҳои тавҳини барқасдона ба пайравони адёну ақвом сахт нигарон аст”.

Дипломатҳои амрикоии муқими Кобул гуфтаанд, ки мардуми ИМА аз иқдоми як гурӯҳи хурд дар Флорида ҷонибдорӣ нахоҳанд кард.

Нуризода: Ҳадаф – ба шӯр овардани мусалмонҳост

Алиризо Нуризода, коршиноси масоили сиёсии муқими Лондон ҳам иқдоми калисои амрикоӣ барои сӯзонидани нусхаҳои "Қуръон"-и маҷидро иғвою тавтеъа мехонад. Аслан, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, беэътиноӣ ба аъомли ин гуна “одамони беморе” чун Терри Ҷонс - беҳтарин посух ба онҳост.

Ӯ меафзояд, “вақте шумо ба ин афрод имкон медиҳед, ки худро матраҳ кунанд, орзуи онҳоро бароварда месозед, дар асл агар чаҳор одам дар Амрико ё ягон гӯшаи дигар олам тавҳин ба Қуръони маҷид кунанд, ҳеҷ иттифоқе намеуфтад ва аз ин арзиши Қуръон заррае кам мешавад”.

Аммо гурӯҳе аз ин нафъ мебардоранд ва дар сархати хабарҳо ҷой мегиранд.

Ҳадаф аз ин тавтеъа, ба гуфтаи Нуризода, “нишон додани он аст, ки “гӯё мо одамони ваҳшӣ ҳастем ва таҳаммули интиқодро надорем”.

Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, “онҳо мехоҳанд, ки мусалмонҳо вокуниши хашин нишон диҳанд, калисоеро оташ зананд, террористҳо бо истифода аз ин шаҳрвандони масеҳиро ба қатл расонанд” ва он вақт афроде чун Терри Ҷонс “метавонанд ба оламиён бигӯянд, ки бубинед, мусалмонҳо чунин ҳастанд!”

Алиризо Нуризода бо ишора ба моҷарои нашри қаблии тасвирҳои танзомези паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо дар расонаҳои ғарбӣ мегӯяд, “комилан ошкор буд, ҳарчӣ мусалмонҳо вокунишҳои тундтар нишон медоданд, он тараф мехост коре кунад, ки вокунишҳо боз ҳам тундтар шаванд”.

Нидоҳои “Марг ба Амрико” дар Кобул

Аз нигоҳи Алиризо Нуризода, қасди калисои Терри Ҷонс барои ба коми оташ афкандани нусхаҳои "Қуръон"-и маҷид як намунаи исломофобия ваё бадбинии ислом дар Амрикост, ки баъд аз ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 ривоҷ ёфт. Ҳамсӯҳбати мо бо гуфтаҳои генерал Дэвид Петреус мувофиқ аст, ки ин гуна аъмол талошҳои раисиҷумҳури ИМА Барак Обама барои дӯстӣ бо мусалмонҳои оламро ботил месозад. Зимнан, пуштибонии ахири Обама аз бунёди масҷид ва маркази исломӣ дар ҷойи ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябр боиси эътирози душманони дини ислом гардид.

Қасди калисои Dove World Outreach Center барои сӯзонидани нусхаҳои "Қуръон"-и шариф боиси хашми сокинони Кобул шуд. Рӯзи душанбе садҳо афғонҳо дар як гирдиҳамоии зиддиамрикоӣ бо нидоҳои “Марг ба Амрико” иқдоми калисои амрикоиро маҳкум карданд. Вакилони парлумон, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва рӯҳониён зимни суханронӣ дар гирдиҳамоӣ талаб намуданд, ки нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон берун карда шаванд.
XS
SM
MD
LG