Пайвандҳои дастрасӣ

8-уми cентябр бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Рӯзи байнулмилалии савод эълон шудааст. Ин таърих қарор аст, ҷомеаи ҷаҳониро ба вазъи босаводӣ дар дунё ва имконияти саводомӯзии калонсолон мутаваҷҷеҳ кунад.

Бо вуҷуди талошҳои гуногун, босаводии сартосарӣ ба ҳайси як орзуи дастнорас боқӣ мондаву 760 миллион нафар, яъне сад баробари тамоми аҳолии Тоҷикистон аз одитарин малакаҳои савод маҳруманд ва 72 миллион кӯдак дур мактаб.

Саводомузии занон дар маркази таваҷҷуҳи ЮНЕСКО

Бунёди илм, фарҳанг ва маорифи Созмони Милали Муттаҳид, Юнеско, тасмим гирифтааст, имсол ба саводомӯзии занон дар кишварҳои камбизоат тамаркуз кунад. Ба ин муносибат, дар дафтари Юнексо дар Порис як ҳамоиш ҷараён дорад, ки ҳадаф аз он, асосан ташвиқи созмонҳо ва афродест, ки ба саводомӯзии занон дар кишварҳои гуногун кӯмак мекунанд.

Қарор аст дар ҳамоиш, корномаи фаъолони ҳаракати саводомӯзии занон бо ҷоизаҳои байнулмилалии Рӯзи савод қадрдонӣ шавад.

Тоҷикистон, ки дар гузашта метавонист бо яке аз беҳтарин шохисҳои саводдории аҳолиаш ифтихор кунад, бо суръат ин ҷойгоҳи фахрии хешро аз даст дода, ҳоло бино бар натиҷаҳои ҳашт соли охир, яъне аз 1999 то 2007, дар миёни 181 кишвар дар мақоми 127-ум қарор дорад.

Тоҷикистон ҷойгоҳи қаблии худро аз даст додааст

Аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин Беларус (68) ва Русия (71) бар пояи мероси шӯравӣ ба сатҳи баландтар баромадаанд. Аммо Туркманистон (109), Молдова (117), Ӯзбакистон (119) ва Қирғизистон (120) ба самти поёни феҳраст ба наздиктари Тоҷикистон ҳаракат доранд, ки аз ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқ зинаи поёнтаринро ишғол кардааст.

Дар худи кишвар низ, бӯҳрони риштаи маориф чанд соли охир сари забонҳост. Ба камияш ду дафъа дар се соли охир, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазъи маорифро башиддат танқид кард ва хостори чораҳои фаврии ислоҳи ин вазъ шуд.

Коршиносон мегӯянд, риштаи маорифи Тоҷикистон дар солҳои охир бештар ба самти зоҳирпарастӣ ва намоишкорӣ майл пайдо карда, дар асл гирифтори мушкилоти бунёдист ва пайомадҳои ин бӯҳрон дар даҳсолаҳои оянда намоён хоҳад шуд.

Моҳи июли соли равон, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Фаттоҳ Саидов, Вазорати маорифи кишварро фасодзадатарин ниҳоди ҳукуматӣ унвон кард.

Бо вуҷуди танқидҳои шадид, вазъи маориф дар Тоҷикистон дар ягон ҷаласаи ҳукумат ё порлумони кишвар ба таври ҷудогона ва бо ҳадафи барномарезиҳои ислоҳи вазъ баррасӣ нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG