Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафта дар оинаи матбуот


Бо вуҷуди ин, ки нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта қабл аз таҷлили 19-умин солрӯзи истиқлолияти Тоҷикистон рӯйи чоп омаданд, вале бештар аз ҳама ба мавзӯи таркиш дар Хуҷанд-маркази устони Суғд ва амалиёти боздошти зиндониёни фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи Амнияти Миллӣ, диққати махсус додаанд.

Аз ҷумла, “Фараж” дар шумораи тозанашри худ зери сарлавҳаи “Камикадзе”, ҳодисаи таркиш дар шаҳри Хуҷандро “усули бағдодӣ” унвон додааст. Нашрия гуфтааст, “ин нахустин ҳодисаи истифодаи “фидоӣ” дар Тоҷикистон мебошад.”

Фараж” менависад, то ин муддат низ дар назди бинои Додгоҳи олӣ ва Кохи Ваҳдат дар шаҳри Душанбе таркишҳое ба вуқӯъ пайваста буданд, “вале дар ин ҳодисаҳо аз ҳеч мавриди истифодаи террористи худкуш хабаре набуд.”

Миллат” назари бархе аз таҳлилгарон, ки ин ҳодисаро кори дасти исломгароён дониста, аз “суръати баланди исломишавӣ” дар Тоҷикистон нигаронӣ доштанд, иштибоҳ хондааст.

Наҷмиддини Шоҳинбод, муаллифи матлаб дар ин нашрия гуфтааст, “агар воқеӣ нигоҳ кунем, дар даҳ соли ахир, баръакс, бетафовутӣ дар баробари мазҳаб афзудааст.“

Вай менависад, иддаое, ки гӯё Тоҷикистон ба суръат исломӣ мешавад, “танҳо маъракаи исломтарсониро авҷ медиҳаду халос.”

СССР” ин ҳодисаро ба таҳқиқи куштори Обид Каримов, ончуноне, ки нашрия муаррифӣ кардааст, авторитет ва яке аз ду чеҳраи олами ҷиноии Исфара, бастагӣ медиҳад.

Ҳафтанома менависад, таркиш дар Хуҷанд дар ҳоле ба вуқӯъ омад, ки баъд аз анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ дар мавриди қатли Обид Каримов, кормандони идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил барои дақиқ намудани қотилон чанде аз гумонбаршудагонро аз Исфара ба Хуҷанд меоранд.

Муаллифи ин матлаб гуфтааст, “ин амал идомаи ҳамон ҷиноятҳои пешина ва разборкаи байниқавмӣ дар Исфара аст, ки даҳсолаҳо боз идома дорад.“

Боздошти Қорӣ Иброҳим ва ҳамин тавр, Абдурасул Мирзоев, ду фирорӣ аз миёни 25 фирории зиндони Кумитаи амнияти миллӣ, ки Хайриддин Абдураҳимов, раиси ин кумита ва баъзе муовинони ӯро аз вазифаҳояшон барканор кард, бахши дигар аз матолиби ҳафтаномаҳои Душанберо ташкил медиҳад.

ИмрӯзNews” ду акси Абдурасул Мирзоевро баъд аз замони боздошташ дар саҳфаи аввали худ ҷо дода, ба нақли қавл аз Оиша Мирзоева, хоҳари ӯ навиштааст, ки: “Абдурасулро гурезониданд, вагарна бовар надорам, ки ҳамин корро аз пеши худ карда бошад...”

“Саркор, додари Ғаффор...навбати кӣ?” Ин сарлавҳаи матлабе дар “Боргоҳи сухан” аст, ки фирору боздошти баъзе аз зиндониёнро бештар ба бозии “рустшавакон” шабеҳ додааст. Нашрия гуфтааст, “онҳо гурехтанду рафтанд ва кофтукобҳо натиҷа намедоданд, то замоне, ки таъйиноти нав нашуд.”

Зафар Абдуллоев, директори оҷонсии “Авасто” низ дар сӯҳбат ба “Боргоҳи сухан” гуфтааст, ин як сенарияи дохилист, ки аз тарафи баъзе аз сиёсатмадорони дохилӣ тарҳрезӣ шудааст.

Мавзӯи истиқлоли Тоҷикистон, агарчӣ ба шакли густурда ҳам набошад, ба шаклҳои ҷудогона дар матбуоти ин ҳафтаи кишвар бозтоб ёфтааст.

Озодагон” аз соҳибназарон пурсидааст, ки “кадом авомил монеи истиқлоли комили Тоҷикистон мешаванд?”

Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик гуфтааст, аввалан набудани стратегияи миллӣ ва иқтисодӣ ба комил шудани истиқлол халал мерасонад. Вай афзудааст, дар 19 соли истиқлол тоҷикон ғурури миллии худро низ аз даст додаанд.

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди раёсати ҷумҳур гуфтааст, “гуфтани он, ки Тоҷикистон истиқлоли комил надорад, беасос аст.”

Ба ин монанд, “Фараж” низ ба суоли “Истиқлолиятро ба мо кӣ дод?” посух ҷустааст. Баъзеҳо гуфтаанд, “ин истиқлолят баъд аз пошхӯрии шӯравӣ насиби мо шуд.”

Вале Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони “Дурнамо” гуфтааст, ки “истиқлолияро ҳич кас тӯҳфа накардааст. Балки ин истиқлолият ба ивази муборизаҳо ва қурбониҳо ба даст омада.”

Озодагон” дар ин шумораи худ ҳамчунин ба мавзӯи чопи пулҳои нави 3, 200 ва 500 сомонӣ дахл карда ва гуфтааст, агар пули 1000 сомонӣ чоп шавад, рӯйи он тасвири кадоме аз қаҳрамонҳои Тоҷикистон ҷо хоҳад гирифт?

Нашрия гуфтааст, чун дар пулҳои то ин дам чопкардаи Бонки миллӣ акси 5 тан аз қаҳрамонҳои милли Тоҷикистон нақш ёфтаанд, аз эҳтимол дур нест, ки 1000 сомониро барои Эмомалӣ Раҳмон боқӣ гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG