Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Кохи Сафед аз нақшаи сӯзондани Қуръон


Кохи Сафед аз нақшаи як калисои хурди насронии воқеъ дар Амрико, ки мехоҳад, нусхаҳое аз Қуръонро ба оташ кашад, изҳори нигаронӣ кард. Сухангӯи Кохи Сафед, Роберт Гиббс нукоти изҳороти фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон, Дейвид Петреусро такрор кард, ки гуфтааст, сӯзондани китоби муқаддаси мусулмонон метавонад барои Амрико на танҳо дар Афғонистон, балки дар манотиқи дигари ҷаҳон мушкилоти ҷиддие ба вуҷуд орад. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрико, Филип Кроулӣ, гуфт, дар ҳоле ки шаҳрвандони Амрико ба озодии баён ҳақ доранд, сӯзондани Қуръон хилофи арзишҳои асосии таҳаммулпазирии динии Амрикост. "Мо мехоҳем шумори бештари амрикоиён бархезанд ва бигӯянд, ки ин кор ба арзишҳои амрикоии мо мувофиқ нест. Амалан ин кор худ ғайриамрикоист." Аммо масъулони калисои Дау Ворлд Аутрич Сентер дар Флорида мегӯянд, бар ин боваранд, ки ислом дини хушунат ва ҷабр аст ва онҳо бо истифода аз озодии сухан мавқеи хешро баён медоранд ва мехоҳанд дар солрӯзи ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико нусхаҳои Қуръонро дар мазҳари ом оташ зананд.
XS
SM
MD
LG