Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Даҳ миллион нафар дар Покистон бе сарпаноҳанд


Созмони Милал мегӯяд, зиёда аз 10 миллион нафар дар Покистон бар асари сел ҳафтаҳост, ки аз сарпаноҳ маҳрум мебошанд. Мауризио Ҷулиано, сухангӯи Дафтари ҳамоҳангсози умури башардӯстонаи Созмони Милал дар Покистон, гуфт, онҳое, ки дар ин муддат дар мактабу меҳмонсароҳо сарпаноҳ ёфтаанд, дар ин шумор шомил нестанд. Вай афзуд, обхезии Покистон ҳам аз лиҳози шумораи осебзадагони ниёзманд ба кӯмак ва ҳам аз лиҳози масоҳат бадтарин фалокати башарӣ дар таърихи Созмони Милал аст.
XS
SM
MD
LG