Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррозо мегӯяд, иқтисодиёти Аврупо дар ҳоли эҳёст


Раиси Кумиссюни Аврупо Хосе Мануел Баррозо мегӯяд, эҳёи иқтисодӣ дар Иттиҳоди Аврупо тадриҷан шакл мегирал ва рушди иқтисодӣ имсол зиёда аз пешбиниҳо хоҳад буд. Аммо Баррозо дар нахустин паёмаш ба мардуми иттиҳод дар Порлумони Аврупо дар Страсбург гуфт, сатҳи бекорӣ дар кишварҳои узв ҳамоно баланд аст. Раҳбари қудрати иҷроии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ислоҳоти сохторӣ бояд дар 12 моҳи оянда густариш ёбад ва ҳамаи 27 кишвари узв бояд дар баробари бӯҳрон якпорчагӣ нишон диҳанд.
XS
SM
MD
LG