Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркҳо бузургтарин гурӯҳи қавмии хориҷӣ дар Аврупо


Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, турктаборон бузургтарин гурӯҳи қавмии ғайри ин иттиҳоданд, ки дар қаламрави он ба сар мебаранд. Бино бар гузориши Бунгоҳи омори Иттиҳоди Аврупо алҳол дар қаламрави иттиҳоди 27 кишвар наздик ба 32 миллион хориҷӣ зиндагӣ мекунад. Бештари онҳо, 7 миллиону 200 ҳазор нафар дар Олмон ва наздик ба 6 миллион нафар дар Испания ба сар мебаранд. Ба сурати умум хориҷиён қариб шашуним дарсади аҳолии Иттиҳоди Аврупоро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG