Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

100 миллион доллар ҳадияи Сорос ба Дидбони ҳуқуқи башар


Миллиардери башардӯст, Ҷорҷ Сорос, эълон кард, ки дар даҳ соли оянда ба созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч 100 миллион доллар ҳадия мекунад. Ин тӯҳфа созмонро вазифадор мекунад, ки барои таҳияи имдодҳоли хусусӣ боз 100 миллион доллари дигар ба даст орад. Ва ҳамчунин буҷаи созмон бояд дар панҷ соли оянда аз 48 ба 80 миллион доллар афзоиш пайдо кунад. Сорос гуфт, ҳуқуқи инсон меҳвари ҷомеаи боз аст. созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар Ню Йорки Амрико марказ дорад ва аз ҳисоби хайрия ва кӯмаки бунёдҳо таъмини молӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG