Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 миллион $ ҳадяи Сорос ба Human Rights Watch


Сармоядори маъруфи сахӣ Ҷорҷ Сорос эълон кард, ки дар зарфи 10 сол ба Human Rights Watch, як созмони шинохтаи ҳомии ҳуқуқи башар 100 миллион доллар хоҳад дод.
Ин гурӯҳ имрӯз хабар дод, ки таъмини молиаш аз ҷониби Сандуқи Ҷомиаи бози Сорос оғоз ёфтааст.
Феълан будҷаи солонаи Human Rights Watch 48 миллион долларро ташкил медиҳад, вале кӯмаки Ҷорҷ Сорос имкон медиҳад, ки ин гурӯҳи байналмилалии мустақар дар Ню-Йорк то 5 соли дигар будҷаи солонаашро ба 80 миллион бирасонад.
XS
SM
MD
LG